Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама "ҳабс"-и дороиҳои Эронро ба 1 соли дигар тамдид кард


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, мӯҳлати ҳабси дороиҳои Эрон дар Иёлоти Муттаҳидаро барои як соли дигар тамдид кард. Ин ҳабс 31 сол пеш аз тарафи президенти вақти Амрико, Ҷиммӣ Картер, дар ҷараёни бӯҳрони байни ду кишвар дар соли 1979, замоне эълон шуда буд, ки донишҷӯёни инқилобии Эрон 52 дипломати амрикоиро дар сафорати Амрико дар Теҳрон гаравгон гирифта буданд. Обама гуфт, муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ҳанӯз ба эътидол наомадаанд ва "ҳолати изтирорӣ"-и Амрико дар мавриди Эрон боқӣ мондааст. Тамдиди ин ҳолат замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки Эрон ва қудратҳои ғарбӣ сари замон ва макони баргузории гуфтшуниди нав баҳс мекунанд.
XS
SM
MD
LG