Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод ҷонибдори азсаргирии музокироти ҳастаӣ нест


Маҳмуди Амадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвари вай дар музокироти пешниҳодшуда бо 6 кишвари бузурги ҷаҳон барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии худро баррасӣ нахоҳад кард:

"Мо борҳо гуфтаем, миллати Эрон дар ҳуқуқи асосии худаш бо ҳеҷ кас музокира нахоҳад кард. Музокирот барои ҳамкорӣ, барои рафъи мушкилоти ҷаҳонӣ, барои рафъи дағдағаҳои ҷаҳонӣ ва кӯмак ба сулҳ ва ба амнияти ҷаҳонӣ хоҳад буд дар шароити баробар".


Ин суханории Аҳмадинежод аз телевизиони Эрон пахш шуд ва дар ҳоле пахш шуд, ки Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон пешниҳод кард, ки Эрон бо 6 кишвар, яъне бо Амрикову Русия, Чину Британия ва Фаронсаву Олмон музокиротро аз сар мегирад. Саид Ҷалилӣ дар номаи худ ба Катрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо навишта буд, ки Эрон омода аст музокироти ҳастаии худро 23-юми ноябр ё 5-ӯми декабр дар Туркия аз сар бигирад.
XS
SM
MD
LG