Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини санаи баргузории Иди қурбон дар Тоҷикистон


Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди қурбон дар кишварро ба 16-уми ноябр муқаррар кардааст. Ин тасмим дар нишасти имомхатибони кишвар бо раҳбарии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси тозаинтихоби шӯрои уламо, гирифта шудааст. Соати ҳафтуними 16-уми ноябр дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар намози Иди қурбон хонда хоҳад шуд. Ба ҷо овардани Ҳаҷ дар арафаи Иди қурбон рост меояд, ки имсол барои ба ҷо овардани ин маросим бештар аз 5 ҳазору 200 зоири тоҷик ба Макка сафар кардаанд. Бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба кишвар 22-уми ноябр оғоз ёфта, 7-уми декабр ба охир мерасад.
XS
SM
MD
LG