Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз густариши терроризм ҳушдор дод


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, паёмадҳои бўҳрони иқтисодӣ, ки ба сиёсати давлатҳо низ таъсир расондааст, терроризмро “ба яке аз воситаҳои асосии бозиҳои геополитикии баъзе нерўҳои сиёсӣ табдил додааст”. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шўрои раҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Муштарак-ул-Манофеъ, Раҳмон гуфт, ки «террорист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад ва ба роҳ мондани сиёсати дугона нисбат ба нерўҳои террористӣ дар ҳама ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад». Вай таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳеҷ як давлат наметавонад амнияти худро ба танҳоӣ таъмин карда, аз таъсири аъмоли террористию экстремистии дар дигар нуқоти олам эмин бошад. Вай ба аҳамияти фанновариҳои муосир, ба вижа технологияҳои иттилоотӣ дар амри мубориза бо ҷинояткориву терроризм дар замони имрӯз таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳам Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Ҳиндустон, Эрон ва Туркия изҳори боварӣ кард, ки ҳамкории ин кишварҳо дар муборизаи муштарак зидди терроризм самара хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG