Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Масъалаи Кашмирро Амрико ҳалл намекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Вошингтон роҳи ҳалли масъалаи Кашмир ва дигар масоили мавҷуд дар равобити Ҳинду Покистонро таҳмил карда наметавонад. Обама, ки дар Деҳлии нав дар нишасти муштараки хабарӣ бо сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ сӯҳбат мекард, гуфт: “Ҳам Ҳинду ҳам Покистон ба коҳиши танишҳо байни ин ду кишвар манфиатдоранд. Амрико наметавонад роҳи ҳалли ин мушкилотро таҳмил кунад, вале ман ба сарвазир Сингҳ аломат додам, ки мо барои иҷрои ҳар навъ нақше, ки ба назари ҷонибҳо, барои коҳиши ин танишҳо муносиб аст, омодаем.”
Ҳинду Покистон тайи 63 соли истиқлоли худ бар сари Кашмир 3 дафъа вориди ҷанг шудаанд.
Боздиди Обама аз Ҳинд имрӯз поён меёбад.
XS
SM
MD
LG