Пайвандҳои дастрасӣ

Содироти Тоҷикистон бештар ба Чин будааст


Тайи 9 моҳи соли равон содироти фаровардаҳои Тоҷикистон 813,3 миллион доллар, вале воридоташ 2,2 маротиба бештар – 1,8 миллиардро ташкил додааст.
Бино ба гузориши хабаргузории “Авасто”, ҳамкорони асосии содиротии Душанбе Чину Туркия ва Русияву Эрону Афғонистон боқӣ мемонад. 44 дарсади содироти молҳои Тоҷикистон имсол ба Чин сурат гирифтааст. Бо ин ҳол, 35 дарсади воридоти Тоҷикистон аз Русия будааст.
XS
SM
MD
LG