Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Ҷопон сафирашро ба Русия бозпас мефиристад


Ҷопон, ки сафираш дар Русияро баъди сафари Дмитрий Медведев ба ҷазираҳои баҳсбарангези Курил фаро хонда буд, имрӯз ӯро ба Маскав бозпас мефиристад. Дар ин бора хабаргузории Киодо Нюси Ҷопон гузориш додааст. Масаҳару Коно, сафири Ҷопон дар Маскав, баъди эътирози расмии кишвараш аз сафари Дмитрий Медведев, ба яке аз ҷазираҳои Курил, ки дар шимоли ҷазираи Ҳоккайдои Ҷопон воқеъ аст, рӯзи чаҳоршанбе ба Токио баргашт. Ҷазираҳои мазкурро Русия баъди тассаруф дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, таҳти контрол дорад, аммо Ҷопон он ҷазираҳоро то кунун қаламрави худ мешуморад.
XS
SM
MD
LG