Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рӯзи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон


Тоҷикистон имрӯз 6 ноябрро ба ҳайси рӯзи Қонуни асосӣ таҷлил мекунад. Қонуни асосии Тоҷикистон, дар соли 1994 раъйпурсии умумӣ қабул шуд ва аз он замон то кунун ду маротиба ислоҳ шудааст, яке дар соли 1999 ва бори дуввум дар соли 2003. Ҳадафи ислоҳоти ахир дар Қонуни Асосиро дар сари қудрат мондани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон медонанд, зеро роҳи ӯро барои то соли 2020 дар қудрат мондан боз кард. Ба хотири таҷлили рӯзи Қонуни асосӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG