Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди ПАД аз шеваи амали НАТО дар Афғонистон


Русия ва 6 кишвари шӯравии собиқ аз нирӯҳои таҳти фармони НАТО дар Афғонистон даъват карданд, “шеваҳои ғайримуассир”-и аз майдонҳои ҷанг дар ҷануби он кишвар ба манотиқи дигар танг кардани ҷангиёнро бас кунанд. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин ба намояндагӣ аз кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маҷмаъи Умумии СММ гуфт, 4 кишвари узви ин созмон – Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистон – аз афзоиши бесуботӣ дар шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Генерал Довуди Довуд, фармондеҳи пулиси вилоёти шимоли Афғонистон рӯзи панҷшанбе гуфт, дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон амалиёти густарда алайҳи як гурӯҳи ҷангиён идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод дар як ҷангалистони воқеъ дар минтақаи ҳоили марзи Афғонистону Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG