Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон ва Русия маводи мухаддирро баррасӣ карданд


Русия мегӯяд, раиси ҷумҳури Афонистон аз ҳамтои руси худ хостааст, ки бо вай роҳҳои муборза бо маводи мухаддирро баррасӣ кунанд. Кохи Кремл мегӯяд, дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ Ҳомид Карзай ва Дмитрий Медведев "дар бораи тақвияти талошҳои муштарак дар ин роҳ" сӯҳбат кардаанд. Ин сӯҳбати телефонӣ дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки як ҳафта пеш кормандони ожонсиҳои Амрикову Афғонистон ва Русия дар наздикии марз бо Покистон амалиёти муштараки зидди маводи мухаддир анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG