Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори қурбониҳои таркишҳои Бағдод


Тибқи гузоришҳо, шумори қурбониҳои силсилаи таркишҳои ахир дар Бағдод то 60 нафар афзуда теъдоди маҷрӯҳон аз 200 нафар гузаштааст. Силсилатаркишҳои ҳамоҳангшуда дирӯз 10 макони ҷамъиятии Бағдод, аз ҷумла тарабхонаву бозор ва асосан маҳалҳои шианишини пойтахти Ироқро такон дод. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст, вале бовар меравад, ки ин кори дасти гурӯҳҳои суннимазҳаби наздик ба Ал-Қоида мебошад.
XS
SM
MD
LG