Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" иқрор кард, ки 11 миллион доллар қарзи Узбакистонро супурда наметавонад ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иҷоза дод, ки ин маблағ аз буҷаи давлат пардохт шавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари ҳамсоя ба иқтисоди Тоҷикистон 1 миллиард доллар осеб расондааст.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон тазаккур ёфт, ки Тоҷикистон аз Узбакистон 40 миллион доллар қарздор аст ва 11 миллиони он воми ширкати давлатии роҳи оҳан будааст, ки аз ҷумла бар асари банд мондани вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон ба миён омадааст, аммо ин ширкат гуфтааст, тавони пардохти ин маблағро надорад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров гуфт, дар 17 соли гузашта зараре, ки аз "муҳосираи нақлиётӣ"-и Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон ба вуҶуд омадааст, 1 миллиард долларо ташкил медиҳад.

Коҳиши ҳамлу нақл дар роҳи оҳани Тоҷикистон

Ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар роҳи оҳани Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 23 ҳазор тонна ё ҳудуди 30 дарсад кам шудааст. Масъулони идораи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯянд, ин коҳиш аз маҳдудиятҳое маншаъ гирифтааст, ки Узбакистон дар транзити колои Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Вале Вазорати умури хориҷии Узбакистон иддаоҳои мақомоти Тоҷикистонро «беасос ва иғвоангез» номидааст.

Ҳарчанд боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон аз моҳи феврали соли равон ба ин сӯ идома дорад, Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфтааст, ӯҳдадориҳои хешро дар мавриди транзити молу колои Тоҷикистон пурра иҷро мекунад ва интиқоли вагонҳо ба Тоҷикистон дар 9 моҳ 102 дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ин эъломияро рад кард ва мегӯяд, изҳороти Тошканд дар ҳоле нашр мешавад, 1126 вагони Тоҷикистон ҳамонон дар ҳудуди Узбакистон банд мондаанд.

Ҷониби Узбакистон қаблан тахриб шудани як қисмати роҳи оҳан дар минтақаи Амӯзанг бар асари селу боришот ва иҷрои корҳои тармимӣ дар ин қисмати роҳи оҳанро, ки аз ноҳияи Шаҳритӯс бо вилояти Хатлон пайванд мегирад, далели аслии пеш омадани таъхир дар транзити вагонҳои Тоҷикистон ном мебарад.

Назари коршиносон ба қазия


Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, масъалаи ҳамлу нақли вагонҳои марбут ба Тоҷикистон, ки ҳоло ба як дарди сар табдил шудааст, ба достони нерӯгоҳи Роғун рабт мегирад. Тошканд талош дорад бо ҳама роҳу восита ба бунёди ин иншооти барои Тоҷикистон сарнавиштсоз мухолифат кунад. Зеро ба бовари мақомоти Тошканд бунёди ин нирӯгоҳ ба соҳаи кишоварзии ин Узбакистон осеб мерасонад.

Додарбек Эшонқулов, як соҳибкори тоҷик, ки аз Чин моли тоҷиронро бо вагонҳои худ ба Тоҷикистон интиқол медиҳад мегӯяд, ки таи ду моҳ 8 вагони ӯ дар қаламрави Узбакистон дар банд монд. Вале баъди ба даст овардани иҷозаи ҳаракати қаторҳо дарёфт, ки молу маводи ӯ ба маблағи 7 ҳазор доллар аз вагонҳо дуздида шудааст. Ҳоло ин соҳибкор бояд маблағи 7 ҳазор доллари моли тоҷиронро пардохт кунад.

Дар чунин пазманзар маълум нест, чаро мақомоти Тоҷикистон на ба ҳалли ин мушкил, балки бозгардони қарзи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" саргарм шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG