Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии ҷумҳурихоҳҳо дар интихоботи Амрико


Дар шароити ноқаноатмандиҳои мардум аз рушди заъифи иқтисодӣ ҳизби ҷумҳурихоҳ тавонист дар интихоботи ахири конгресси Амрико бар демократҳо пирӯз шуда назоратро дар Маҷлиси намояндагон ба даст дарорад. Бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотии экзит-пол ё пурсишҳои ҳамзамони баъди раъдиҳӣ, ҷумҳурихоҳҳо беш аз 50 дар сади 435 курсии маҷлисро ба даст оварданд. Барои ҷумҳурихоҳҳо бурдани 39 курсӣ кофӣ буд, ки баъди соли 2006 ҳоло назорати парлумонро аз дасти демократҳо ба дасти худ бигиранд. Инчунин ҷумҳурихоҳҳо аз сад курсии сенат дасти кам шаш курсии демократҳоро ба дасти худ гирифтаанд. Вале бо ин вуҷуд, аксарияти сенатро ҳамоно демократҳо ташкил хоҳанд дод.
Ҳоло интизор меравад Ҷон Бейнер, узви ҷумҳурихоҳи конгресс аз аёлати Оҳайо курсии раиси маҷлисро аз дасти Ненси Пелосӣ ба даст гирад. Зимни суханронии пирӯзиаш баъди интихобот вай гуфт, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар бораи дасткашии мардуми Амрико аз сиёсати Обама гувоҳӣ медиҳад ва аз президент тақозо кард, ки самтгириҳои сиёсии худро тағйир диҳад. Ҷумҳурихоҳҳо ваъда додаанд, ки сарфу харҷи ҳукуматро соле даҳҳо миллиард доллар кам карда аз ислоҳоти системаи беҳдошт ва молия дубора даст кашад. Вай гуфт:

“Дар ҳоле, ки аксарияти мо дар маҷлиси намояндагон ба унвони садои шумо ҳифз хоҳем шуд, вале дар хотир бигиред, ки ин президент аст, ки сиёсати ҳукуматро таъйин мекунад. Мардуми Амрико имшаб ба ӯ як пай ғоми иштибоҳнопазир ироа карданд, ки ин аст: “Самтгириро тағйир деҳ”.

Кохи Сафед гуфт, ки шоми сешанбе Обама дар як тамоси телефонӣ бо Бейнер гуфт, омода аст бо ӯ ҳамкорӣ кунад ва дар ҳамкорӣ бо ҷумҳурихоҳҳо заминаҳои муштараки корро барои мардуми Амрико фароҳам оварад.
XS
SM
MD
LG