Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Оқҷар дар Қирғизистон хотима ёфт


Дар Қирғизистон тақрибан 100 нафар сокинони рустои навбунёди Оқҷар дар ҳаволии шаҳри Бишкек ба муҳосираи роҳи автомобилгард дар назди Дордой-бузургтарин бозори Осиёи Марказӣ хотима доданд. Мақомоти шаҳрдории Бишкек ба онҳо ваъда додаанд, ки барои бурдани хати барқ ва лулаи оби ошомиданӣ ба Оқҷар маблағи зарурӣ ихтисос хоҳанд дод. Тазоҳуроти сокинон аз 1-ӯми ноябр идома дошт ва онҳо чархҳои мошинҳоро дар роҳ оташ заданд. Тазоҳурот замоне хотима ёфт, ки яке аз онҳо бо як корманди шаҳрдорӣ мулоқот кард ва дар шаҳрдорӣ ба вай гуфтаанд, ки баъд аз ташкили ҳукумати нав кӯмак ба сокинони Оқҷар шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG