Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Ходорковский 15 декабр содир мешавад


Имрӯз як додгоҳи Маскав гуфт, ки рӯзи 15 декабр ҳукми Михаил Ходорковский, собиқ раҳбари ширкати Юкосро қироат хоҳад кард. Ин соҳибкори сарватманд, ки соли 2003 барои тақаллубу напардохтани молиёт ба ҳашт соли зиндон маҳкум шудааст, аз назари бисёриҳо дар асл барои дар муқобили Владимир Путин довталаби курсии президентӣ шуданаш муҷозот шудааст. Ҳоло ӯро талош доранд аз рӯи иттиҳомоти нави марбут ба фиребу ғорати амволи давлатӣ то соли 2017 дар зиндон нигоҳ доранд. Дар нутқи ниҳоии худ дар додгоҳ имрӯз Ходорковский гуфт, бисёр мехоҳад додгоҳ мустақилона ҳукм барорад.

“Аммо ҳеҷ кас бовар надорад, ки додгоҳи Маскав ҳукми сафедкунандаро дар нисбати Юкос содир кунад”.

Ходорковский дар муроҷиат ба қозии додгоҳ гуфт, вай мисли ҳар зиндонии дигар намехоҳад дар шароити маҳбас ҷон диҳад, вале агар чунин шавад, вай аз марг намеҳаросад.
XS
SM
MD
LG