Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азия-Плюс: Ҳадафҳои Тошканд дигар аст


Дар як мусоҳиба бо Азия-Плюс донишманди заминшинос Георгий Кошлаков ва як мақомдори ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ иддаоҳои Ӯзбакистон оид ба таҳдидҳои экологии нирӯгоҳи Роғунро бепоя хондааст. Вай мегӯяд, Тошкандро дар асл на масъалаи хатарҳои сейсмикиву муҳитзистӣ ва ё эҳтимоли рахнаи обанбор дар ташвиш мегузорад. Масъала дар он аст, ки Ӯзбакистон намехоҳад, ки Тоҷикистон василаи муҳими бастани роҳи обро бар фарози рӯдхонаи Вахш ба ихтиёри худ бигирад. Ӯзбакистон ошкоро мухолифати худро бо бунёди нирӯгоҳи Роғун баён карда талош дорад пеши роҳи сохтмони онро бо истифода аз фишорҳои сиёсӣ, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамлаҳои матбуотӣ ба ҳукумати Тоҷикистон бигирад.
XS
SM
MD
LG