Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия, Олмон ва Ҳолланд амнияти парвозҳоро шадидтар карданд


Британияву Олмон ва Ҳолланд аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки баъд аз боздошти ду бастаи маводи мунфаҷира ё бами покетӣ дар ҳавопаймоҳо, дар парвозҳои худ тадобири шадиди амниятӣ эълон кардаанд. Бино ба хабарҳо, бахши ал Қоида дар Яман талош кардааст, ҳангоми парвози ҳавопаймоҳо амали террористӣ анҷом диҳад. Вале ин ду баста ҳафтаи гузашта дар Дубай ва дар Британия боз дошта шуданд. Эҳтимол меравад, ки ин бамҳо ба Амрико фиристода мешуд. Британия ва Олмону Ҳолланд эълон карданд, ки онҳо парвозҳо аз Яманро ба ҳолати таълиқ даровардаанд ва барои таъмини амният дар муқобили бамҳои эҳтимолӣ чораҳои дигар ҳам андешидаанд.
XS
SM
MD
LG