Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

76 кишвар имрӯз ба вақти зимистона гузашт


Имрӯз, 31 октябр 76 кишвари ҷаҳон ба вақти зимистона гузашта, ақрабаки соатҳои худро як соат ақиб карданд.Аммо 128 кишвари дигар, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, тағйири вақт намекунанд. Аз ин рӯ, фарқи вақт байни Тоҷикистон, ки ба вақти зимистонӣ нагузашт, ва барои мисол, Русия, ки тағйири соат кард, сар аз имрӯз на 1 соат, балкӣ 2 соатро ташкил хоҳад дод. Ибтикори гузаштан ба вақти зимистонаву тобистонаро бори аввал сохтмончии англис Уилям Уиллет соли 1908 дар Бритониё пешниҳод кардааст. Вале нахустин кишварҳое, ки аз ин ибтикор истифода бурданд, Олмону муттаҳидинаш дар ҷанги якуми ҷаҳон буданд, ки соли 1916 ба хотири сарфа кардани ангишт тағйири соат карданд.
XS
SM
MD
LG