Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия нархи газро барои Украина пойинтар мебарад


Сарвазири Украина Микола Азаров гуфт, ки ҳамтои руси ӯ Владимир Путин зимни боздиди ахираш аз Киев тахфифи нархи газ барои Украина дар семоҳаи аввали соли ояндаро ваъда супурдааст. Ба гуфтаи Азаров, Киев барои 1000 метри мукааби гази табиӣ ба Маскав ба ивази 250 доллари кунунӣ дар соли оянда 230 ило 235 доллар пардохт хоҳад кард. Сарвазири Украина афзуд, музокирот бар сари нархи газ бо Русия боз ҳам идома хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG