Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар марзи Куриёи Шимолӣ ва Куриёи Ҷанубӣ


Артиши Куриёи Ҷанубӣ таъйид кард, нерӯҳои Куриёи Шимолӣ рӯзи ҷумъа ду маротиба ба қаламрави он кишвар тирандозӣ кардаанд. Тирандозӣ ба самти посгоҳи Ҳвачеон, воқеъ дар 90 километрии шимолушарқи пойтахт шаҳри Сеул сурат гирифтааст. Артиши Куриёи Ҷанубӣ мегӯяд, намедонанд, ки тирандозӣ аз кишвари ҳамсоя тасодуф будааст ва ё амдӣ. Нерӯҳои Куриёи Ҷанубӣ ҳам билофосила оташи ҷавобӣ кушодаанд. Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, баъди хотимаи ҷанги солҳои 1950 то соли 1953 ва оташбас ҳанӯз ҳам дар ҳолати ҷангӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG