Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафтиши аъмоли раиси як ҳизби мухолифи Қазоқистон


Мақомоти расмӣ дар Қазоқистон, ба таҳқиқи аъмоли раиси як ҳизби мухолиф дар кишвар шурӯъ кардаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, мақомоти молиётӣ, масъалаи сарпечии Владимир Козлов, раиси ҳизби ғайрирасмии “Олға” аз пардохти андозро таҳқиқ мекунанд. Намояндаи кумитаи андози шаҳри Алмаато гуфтааст, Владимир Козлов то ҳол 22 ҳазор доллар молиёт напардохтааст ва таҳқиқи аъмоли ӯ ба фаъолиятҳои сиёсиаш иртибот надорад. Аммо Владимир Козлов гуфтааст, қасди ӯ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2012 сабаби аслии тафтиши аъмоли ӯ аст.
XS
SM
MD
LG