Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ ӯзбактабор дар Ӯш ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Як додгоҳ дар ҷануби Қирғизистон, панҷ ӯзбактаборро бо ҷурми қатли як маъмури пулис ва ронандаи ӯ дар ҷараёни низоъҳои қавмии моҳи июн ба ҳабси абад маҳкум кард. Чаҳор нафари дигарро ба 25 соли зиндон маҳкум карданд ва муттаҳами даҳумро барои ташхиси равонӣ ба бемористон фиристодаанд. Додситони ноҳияи Қаросӯ, ки барои ҳашт муттаҳамон ҳабси абад хоста буд, аз ҳукми додгоҳ ибрози норизоиятӣ кард. Дар низоъҳои хунини миёни қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи июн дар вилояти Ӯшу Ҷалолобод, бештар аз 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG