Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" нархи барқро боло мебарад


Ширкати “Барқи Тоҷик” ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки аз 1 январ қимати нирӯи барқро барои аҳолӣ 20 дарсад ва дар маҷмӯъ 25 дарсад боло бибарад. Феълан нархи як киловатт нирӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ 9 дирам муқаррар шудааст. Абдуллоҳ Ёров, раиси “Барқи Тоҷик” ҳамчунин хабар дод, ки аз 1 ноябр дар Тоҷикистон расман лимити барқ ҷорӣ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки маҳдудият дар тавзеъи нирӯи барқ дар рустоҳои Тоҷикистон амалан як моҳ ба ин сӯ вуҷуд дошт. Оқои Ёров гуфт, лимити имсола ба шаҳри Душанбе ва марокизи маъмурии вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар дахл нахоҳад дошт. Аммо барои рустоҳо, ба гуфтаи раиси ширкат, лимити барқ 10 соат дар шабонарӯзро ташкил хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки вазорати энержии Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки лимити барқ имсол аз 12 соат дар шабонарӯз камтар нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG