Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон ва Юнус Қонунӣ дар Кобул мулоқот карданд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул бо Раиси пешини Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Юнус Қонунӣ мулоқот намуд.Дар мулоқот асосан ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва равобити байнипорламонии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. Дар ин бора сомонаи president.tj хабар додааст. Ҳар ҷониб ба таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишвар таъкид карданд.
XS
SM
MD
LG