Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Арманистон вориди Теҳрон шуд


Имрӯз Тигран Саркиян-нахуствазири Арманистон барои як боздид вориди Теҳрон шуд. Вай дар ҷараёни ин боздид бо мақомоти раҳбарии Эрон тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Дар ин бора ИРНО-хабаргузории расмии Эрон иттилоъ додааст. Ин боздид ду рӯз давом мекунад ва дар ин боздид вазирони кобинаи Арманистон нахуствазирро ҳамроҳӣ мекунанд. Қарор аст онҳо бо Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ва Алӣ Лориҷонӣ-раиси Маҷлиси Эрон мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG