Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони ИА дархости Сербистонро баррасӣ мекунанд


Вазирони корҳои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Луксембург дархости пайвастани Сербистон ба ин иттиҳодияро баррасӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябр Сербистон ва Косово ба тавофуқ расиданд, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо бо ҳам ба музокира менишинанд. То ҳол Сербистон истиқлолияти давлатии Косоворо ба расмият нашинохтааст. Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар мулоқоти Луксембург ширкат мекунад, чунин гуфт:

"Мо машғули масъалаи Сербистону Косово ҳастем ва умед дорем, ки баррасии он ба зудӣ пеш меравад. Ман хеле хушҳол ҳастам, ки президенти Сербистон Тадич ва нахуствазири Косово Тачӣ ин рӯҳияро эҳсос кардаанд ва мехоҳанд ба пеш ҳаракат кунанд".

Интизор меравад, ки имрӯз вазирони хориҷаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба дархости Сербистон дар бораи пайвастан ба узвияти ин иттиҳодия тасмим бигиранд.
XS
SM
MD
LG