Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 президент масъалаи Қарабоғро баррасӣ мекунанд


Қарор аст ҳафтаи оянда руасои ҷамоҳири Русияву Арманистон ва Озарбойҷон барои ҳали мубоҳисот роҷеъ ба Қарабоғи Кӯҳистонӣ ба музокира биншинанд. Дафтари Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон рӯзи ҷумъа гуфт, ки оқои Саркисян 27-ӯми октябр дар шаҳри Астрахани Русия бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ва Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон мулоқот мекунад. Ин гуна мулоқоти сеҷониба бори ахир 17-ӯми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Қарабоғи Кӯҳистонӣ, ки сарзамини Озарбойҷон буд ва дар он аслан арманиҳо ба сар мебаранд, дар поёни як ҷанги кӯтоҳ дар соли 1994 аз Озарбойҷон ба Арманистон пайваст.
XS
SM
MD
LG