Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи ноябр барои "Сангтӯда"2" маҷрои Вахш баста мешавад


Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ниругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 маҷрои рӯдхонаи Вахш моҳи ноябр баста мешавад. Маҷрои об тағир меёбад ва об аз ду нақби обгузар ҷорӣ хоҳад шуд. Вай санаи диқиқи бастани маҷрои обро ном набурдааст, вале гуфтааст, ки дар он рӯзҳо маҳдудияти шадиди барқ дар назар гирифта нашудааст. Ниругоҳи "Сангтӯда-2"-ро ширкати "Сангоб"-и Эрон месозад.
XS
SM
MD
LG