Пайвандҳои дастрасӣ

Серрӣ аз бунёди шаҳраксозӣ барои яҳудиҳо интиқод кард


Роберт Серрӣ, фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ховари Миёна, эҳёи шаҳраксозӣ дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии руди Урдунро “хилофи ҳуқуқи байнулмилалӣ” номид. Ба иттилоъи созмонии исроилии “Сулҳ имрӯз”, ки алайҳи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин садо баланд мекунад, дар Каронаи бохтарии руди Урдун бунёди тақрибан шашсад манзили нав шурӯъ шудааст.
Аз ин пеш сарвазири Исроил Бенямин Нетарняҳу даъвати Фаластин ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар робита ба тамдиди мораторий барои бунёди манозил дар Каронаи бохтарии руди Урдунро рад кард. Мораторий охири моҳи гузашта поён ёфт.
XS
SM
MD
LG