Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти задухӯрд дар Чилдухтарони Исфара


Субҳи имрӯз дар ҷараёни як задухӯрд бо мақомоти интизомӣ дар рустои Чилдухтарони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд як марду як зани гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) кушта шуданд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба РО гуфт, Насимҷони Акрамови 25-сола ва Мухтасархон Мирамоноваи 35-сола, ҳарду сокини 25-солаи шаҳри Исфара, муқовимат нишон дода, дар натиҷа ба ҳалокат расонда шуданд. САДО
Аз маҳалли амалиёт дар мавзеъи Чилдухтарони ноҳияи Исфара 2 мусалсали Калашников, як туфангчаи Макаров, як норинҷак ва як теъдод тир кашф ва мусодира шудааст. Бино ба хабарҳо, Мухтасархон Мирамонова ҳамсари шаҳрванди Узбакистон Расул Охунов будааст. Ӯ, ки раҳбари ҲИУ дар Суғд шинохта мешуд, соли 2006 дар як амалиёти вижа кушта шуд.
XS
SM
MD
LG