Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии сафири ИА аз озодии баён дар Тоҷикистон


Эдвард Ауэр, раҳбари намояндагии ИА дар Душанбе дар як нишасти хабарии бахшида ба баргузории Ҳафтаи Аврупо –2010 гуфтааст, мубориза бо падидаҳои мухталифи ифротӣ набояд ба ҳуқуқи башар ва озодии баён асобат кунад. Ноишири хабар, хабаргузории “Авасто” менависад, ин изҳороти Ауэр дар посух ба баёнияи вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев буд, ки дар пасманзари рӯйдодҳои Рашт хабарнигорони тоҷикро ба ҳамовозӣ бо гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолифи давлат муттаҳам кард. Сафири Бритониё Тревор Мур ҳам гуфтааст, масоили озодии баён дар Тоҷикистон дар иҷлоси солонаи муколамаи ҳуқуқи башари байни ИА ва ҳукумати Тоҷикистон баҳс хоҳад шуд. Ин иҷлос 15 ноябр оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG