Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон мушкилот дар музокироти сулҳро тасдиқ кард


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, иқрор кард, ки музокироти сулҳи Ховари Миёна ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шудааст. Дар мулоқот бо намояндагони як созмони амрикоии пуштибон аз Фаластин, хонум Клинтон изҳор намуд, ки Вошингтон барои идомаи музокирот аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Амрико, муҳим он аст, ки сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар бораи ташкили давлати мустақили Фаластин мавқеъи яксон доранд.
Ҳилларӣ Клитон аз кишварҳои арабӣ даъват намуд, ки ба фаластиниҳо кӯмаки бештар кунанд. Музокироти мустақими сулҳ миёни Нетаняҳу ва Аббос, ки авоили моҳи сентябр бо миёнҷигарии Амрико оғоз ёфтанд, баъд аз хатми мораторий барои бунёди шаҳракҳо дар заминҳои ишғолии Каронаи бохтарии руди Урдун ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Фаластиниҳо қатъи шаҳраксозӣ барои яҳудиҳоро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG