Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзода муҷрим дониста шуд


Додгоҳи Лондон шоҳзода Саъуд Абдулазиз ибни Носирро дар куштори хизматгораш айбдор намуд. Ба иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, куштор 15 феврали соли равон дар Лондон, дар меҳмонсарои Landmark содир шуда буд. Кормандони полис навореро дастрас карданд, ки дар он аз сӯи шоҳзода латукӯб шудани хизматгораш Бандар Абдулло Абдулазиз сабт шудааст.
Шоҳзода Саъуд Абдулазиз ибни Носир - набераи бародари шоҳи Арабистони саъудӣ Абдуллост. Ба шоҳзода дар сурати тайид шудани ҷурмаш ҳабси абад таҳдид мекунанд. Ҳукми додгоҳи Лондон бояд имрӯз эълон шавад.
XS
SM
MD
LG