Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти ҳамла ба парлумони Чеченистон


Субҳи имрӯз гумонбарони шӯришӣ ба сохтмони парлумони Чеченистон дар шаҳри Грозний ҳамла карданд. Мақомоти Чеченистон гуфтанд, ки ҳама ҳамлагарони мусаллаҳ аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия, ки оҷилан ба Грозний парвоз карда бо мақомоти маҳаллӣ нишасте доир кард, гуфт:

“Имрӯз соати 8:45 ҷангиҳо кӯшиш карданд ба сохтмони парлумон ворид шаванд. Вале мисли ҳамеша онҳо ноком шуданд. Пеши роҳи онҳоро кормандони полис гирифтанд. Дар натиҷа, ҷангиҳо нобуд шуданд”.

Т ҳол шумори қурбониҳову захмиҳои ин ҳодиса мушаххас нест. Бар тибқи гузоришҳо, дасти кам се афсари полис кушта ва чанд тан захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG