Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои Фаронса идома мекунад


Эҳтимол имрӯз бесомониҳо дар хиёбонҳои Париж, ки бо сабаби аз 60 ба 62 сол боло бурда шудани синни нафақа дар Фаронса ба миён омадааст, идома кунад. Тибқи гузоришҳо, раҳпаймоиҳои эътирозӣ имрӯз дар 200 шаҳру манотиқи саросари Фаронса идома карда, инчунин коршиканиҳои кормандони сохторҳои ҳамлу нақл боис ба масдуд шудани ҳаракати мошинҳо, роҳи оҳан, ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин, аз кор мондани мактабҳову дигар сохторҳо шавад. Басташавии якҳафтаинаи корхонаҳои нафтрасон боиси қатъи фаъолияти нуқтаҳои фурӯши бензин дар саросари Фаронса гардид. Рӯзи душанбе раиси ҷумҳурӣ Николя Сарконӣ бо баёни ин ки ислоҳи низоми нафақа барои ояндаи ин кишвар хеле муҳим аст, гуфт вай даст аз ин иқдом нахоҳад кашид. Ҳафтаи ҷорӣ Сенат бояд барои қабули ин қонун овоз диҳад.
XS
SM
MD
LG