Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса


Дар Фаронса коршиканӣ ва намоишҳои эътирозӣ дар робита ба тасмими ҳукумат барои боло бурдани синни бознишастагӣ идома карданд. Ба пояи тасмими ҳукумат, аз ин баъд сокинони Фаронса на дар 60 солагӣ, балки дар 62-солагӣ бознишаста мешаванд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бар асари коршиканиҳо фаъолияти корхонаҳои коркарди нафт ва анборҳои маводи сӯхт ба мушкил мувоҷеҳ шудааст ва ин хатари баста шудани фурудгоҳҳои кишварро ба бор овардааст. Иттиҳодияҳои синфии Фаронса изҳори умедворӣ кардаанд, ки миллионҳо нафар ба хиёбонҳои шаҳрҳои бузургу хурд мерезанд. Онҳо ҳамчунин ба пуштибонии донишҷӯён умед бастаанд.
Бо вуҷуди намоишҳои эътирозӣ ҳукумати Фаронса тасмими худро бознигарӣ карданӣ нест, зеро боло бурдани синни нафақа ба коҳиши касри хазинаи бознишастагӣ, ки 32 милиард евроро ташкил медиҳад, мусоидат хҳоад кард.
Намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса панҷ рӯз боз идома доранд.
XS
SM
MD
LG