Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт ангишткани чилигӣ аз зери замин берун карда шуданд


Ҳафт тан аз ангишканҳои Чилӣ аллакай аз зери замин берун карда шуданд. Онҳо тавассути қафаси махсус жарфои беш аз 600 метрро тарк мекунанд. Ба гуфтаи мутахассисон, амалиёти наҷот шояд имрӯз комилан анҷом ёбад. Себастян Пиниера, раисиҷумҳури Чилӣ, ба ҷойи ҳодиса омад то ки аз ангиштканҳои раҳошуда шахсан истиқбол намояд. Ӯ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки "ангиштканҳо ҳамчун қурбониёни заминларза ва ширкатдорони корҳои барқарорсозӣ баъд аз он ҳодиса, нишон доданд, ки агар Чилӣ муттаҳид шавад - ва мо ҳамеша дар рӯбарӯи хатар муттаҳид мешавем – мо ба корномаҳои бузург қодирем. Ва кишвари мо дар чунин давру замон худро ба таври муносиб ҷилва медиҳад".
Ангиштканҳо баъд аз садама дар кон, ки рӯзи 5 август рӯх дод, дар ҷойи амнтар панаҳ бурданд ва баъд аз 17 рӯзи ин ҳодиса аз зинда мондани худ паём доданд. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки амалиёти наҷоти ангиштканҳо шояд то охири сол идома кунад.
XS
SM
MD
LG