Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли як парвандаи пурсарусадо ба додгоҳи Украина


Парвандаи марги баҳсбарангези як донишҷӯи украинӣ дар боздоштгоҳи милисаро барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, дар ин парванда, ду нозири милисаи ноҳияи Шевченко ба бесалоҳиятӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам шудаанд. Игор Индил, рӯзи 25 май ба таври ногаҳонӣ дар боздоштгоҳи милисаи ин ноҳия ҳалок шуд. Мақомоти милиса гуфтанд, ки ин донишҷӯ бинобар мастӣ афтида ва ҳалок шудааст. Аммо волидонаш ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки донишҷӯ аз зарби латукӯби маъмурони милиса ҷон додааст.
XS
SM
MD
LG