Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Ота-Ҷурт" дар интихоботи Қирғизистон


Дар интихоботи парлумонии Қирғизистон, бар пояи иттилоъи пешакӣ, ҳизби миллатгарои “Ота-Ҷурт” пешсаф аст. Ҳизби сотсиал-демократ дар мақоми дуввум ва ҳизби “Республика” дар мақоми саввум ҷой гирифтаанд. Ба сафи панҷ ҳизби аввали феҳрист ҳамчунин ҳизби “Оруномус” ва “Ота-Макон” шомил шудаанд.
Бар пояи иттилоъи расмии Комиссиюни марказии интихобот, 57 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд. Дар шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби кишвар, ки бар асари бенизомиҳои моҳи июн тақрибан 400 нафар ба ҳалокат расиданд, дар ин маъракаи сиёсӣ 66 дар сади интихоботкунандагон ширкат доштанд.
Барои 120 курсии парлумони Қирғизистон 29 ҳизби сиёсӣ мубориза бурданд.
XS
SM
MD
LG