Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаной аз 1000-умин зодрӯзи хеш таҷлил кард


Пойтахти Ветнам, Ҳаной, имрӯз бо як намоиши ҳарбӣ ва рақси мавсум ба "Аждар" аз 1000-умин зодрӯзи худ таҷлил кард. Дар ин ҷашн, ки бузургтарин маърака дар таърихи кишвар шумурда мешавад, зиёда аз 30 000 нафар ширкат кард. Раисиҷумҳури Вентам, Нгуен Минҳ Триет дар паёме ба издиҳом гуфт, Ҳаной дар ҳазор соли гузашта шодию ғами зиёд дидааст ва зинда мондааст. Паради ҳарбӣ ва сайрҳои мардумӣ сабаби қатъи ҳаракати нақлиёт дар даҳҳо кӯчаи маркази шаҳр гардид.
XS
SM
MD
LG