Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти осоиштаи мухолифони Русия дар Маскав


Садҳо нафар аз мухолифони Русия дар Маскав тазоҳуроте барпо карданд, ки бе ҳабси афрод ҷараён гирифт. Наздик ба якуним ҳазор нафар дар ҳамоиши "Барои Русияи бе ҳокимияти хулдсарона ва фасод" таҳти сарварии раҳбарони мухолиф, собиқ ноиби сарвазир Борис Немтсов ва сарвазири пешин Михаил Касянов ширкат карданд. Аз он ҷо ки тазоҳурот дар тафовут бо гирдиҳамоиҳои гузашта бо иҷозаи мақомоти шаҳрдорӣ ҷараён дошт, полис ба он кордор нашуд.
XS
SM
MD
LG