Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон


Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки барои иҷрои чандин барномаи ҳунариву фарҳангӣ ба пойтахт 60 ҳунарманди ин кишвар омадаанд. Қарор аст, дар толори синамои ба номи Ҷомӣ намунаҳое аз сохтаҳои филмсозони рус ба намоиш гузошта шавад. Дар толори театри Операву балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ илова ба барномаи ҳунармандони балет инчунин намоишгоҳи аксҳо баргузор мешавад. Ҳазлкаши маъруф Роман Картсев қарор аст дар саҳнаи театри русии драмавии ба номи В. Маяковский ҳунарнамоӣ кунад. Рӯзи 10 октябр консерти хотимавии ҳунармандони рус ба рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон хотима медиҳад.
XS
SM
MD
LG