Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов гуфт, ба бунёди Роғун роҳ нахоҳад дод


Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, гуфт, кишвараш мухолифати худро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон идома хоҳад дод. Дар мулоқот бо намояндагони аҳолӣ дар Қароқалпоқистон, Каримов гуфт, барои он ки обанбори Роғун аз об пур шавад, сокинони кишвараш бояд 8 сол об нанӯшанд. Вай афзуд, Узбакистон ба ин ҳол роҳ дода наметавонад. Раҳбари Узбакистон гуфт, кишвараш дар ҳолиҳозир 4 миллиону 300 ҳазор гектар замини обӣ дорад ва агар мушкили об вуҷуд намедошт, метавонист, ин ададро ба 10 миллион гектар расонад. Каримов хушкидани баҳри Арал ва мушкилоти зистмуҳитию иқтисодии мардуми Қароқалпоқистонро ба камбуди маҷрои оби рӯдхонаи Сир бастагӣ дод. Узбакистон соли панҷум аст, ба бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон мухолифат мекунад, дар ҳоле ки Тоҷикистон ин нерӯгоҳро омили ҳалли бӯҳрони энержӣ ва пешрафти иқтисодии худ мешуморад.
XS
SM
MD
LG