Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз барандаи Ҷоизаи Нобел дар адабиёт маълум хоҳад шуд


Имрӯз, 7-уми октябр номи барандаи Ҷоизаи Нобел дар адабиёт эълон хоҳад шуд. Академияи Шведсия гуфтааст, имсол барандаи он қариб якуним миллион доллар подош хоҳад гирифт. Ба феҳрасти кӯтоҳи номзадҳо шоир ва нависандаи швед Томас Транситромер ва се шоири дигар -- Адам Загаевски аз Лаҳистон, Ко Юн аз Кореяи Ҷанубӣ ва Адонис аз Сурия ворид шудаанд. Аммо аз он ҷо ки дар солҳои гузашта асосан афроди начандон машҳур ба ҷоиза расидаанд, хабаргузориҳо аз ҳадс задан дар бораи пирӯзи эҳтимолӣ худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG