Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мӯҳлати тафтиши парвандаи Политковская тамдид мешавад


Кумитаи тафтишоти Русия мехоҳад мӯҳлати тафтиши парвандаи куштори хабарнигор Анна Политковскаяро то моҳи феврали соли 2011 тамдид кунад. Ба гуфтаи масъулини ин Кумита, онҳо дар бораи гумонбарони нави куштори хабарнигор, ки дар хориҷи Русия панаҳ бурдаанд, иттилоъ пайдо кардаанд. Айни ҳол Рустам Маҳмудов, ки мақомоти тафтишот ӯро қотили Анна Политковская мехонад, мавриди кофтукоби байнулмилалӣ қарор дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳамқаламони Анна Политковская аз он изҳори тааҷҷуб ва нигаронӣ мекунанд, ки ин куштор то ҳол ошкор нашудааст. Хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анна Политковская 4 сол пеш - 7 октябри соли 2006 дар канори манзилаш дар шаҳри Маскав ҳадафи тир қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG