Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба референдуми фаъолияти Аҳмадинажод


Раҳбари мухолифони Эрон сиёсати хориҷии Маҳмуди Аҳмаднажодро вайронгарона номид ва хостори қазовати фаъолияти президенти Эрон дар назархоҳии умумӣ шуд. Мирҳусейни Мӯсавӣ дар торнамои худ бо номи "Калима" гуфтааст, амалкардҳои раисиҷумҳур дар арсаи байнулмилалӣ, ба монанди суханронии ӯ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал, ки дар он ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001-ро зери суол бурд, ба инзивои бештари Эрон ва бадтар шудани вазъи иқтисодии он сабаб гаштанд.
XS
SM
MD
LG