Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди президент аз вазъи забони давлатӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сатҳи забондонии мақомот ва расонаҳои Тоҷикистон башиддат интиқод кард. Раҳбари Тоҷикистон, ки дар ҷаласае бахшида ба «Рӯзи забони тоҷикӣ» сӯҳбат мекард, гуфт, ҳар таҳсилкарда, бахусус роҳбарон, кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо, бояд бо забони адабӣ озод сўҳбат кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт: «Акнун замоне фаро расидааст, ки дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад».

Чаро мо сухандон нестем?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00


Раисиҷумҳур дар ҳоле ба забони тоҷикӣ арҷгузорӣ кард, ки ба гуфтаи коршиносон, бахши умдаи мақомоти давлатӣ ва кормандони идораҳои ҳукумат забони шевои тоҷикиро намедонанд ва ҳамчунин дар баёни андешаи худ, бо забони модарӣ, оҷиз мемонанд.

Зафари Мирзоён, коршинос дар умури забоншиносӣ, мегӯяд, кормандони ҳукумат мекӯшанд, ки бо забони давлатӣ сӯҳбат кунанд, аммо ба иштибоҳҳои дағал роҳ медиҳанд: «Бо забони шевову поки тоҷикӣ сӯҳбат кардан дар Тоҷикистони мо, тавре ки мегӯянд, ҳанӯз мӯд нашудааст. Яъне авлавияту бартарият ба сухандонон дода нашудааст, мутаассифона».

"Расонаҳо бесаводона менависанд"


Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин забони рўзномаҳо, радиову телевизион ва аҳли қаламро танқид кард: «Бесаводона менависанд, забони давлатиро, адабиро намедонанд. Кӣ гунаҳгор? Ку роҳбарияти факултаҳои забону рӯзноманигорӣ? Киро тайёр кардем? Худамон тайёр кардем-ку? Ҳамон бесаводро кӣ тайёр кард? Дипломро кӣ дод? Бо хароҷоти буҷаи давлат. Худи мо кардем-ку?»

Интиқод аз сатҳи забондонии мақомот, рӯзноманигорон, мактабиёну донишҷӯён ва мардуми оддии Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯ дар расонаҳои кишвар сурат мегирад. Бо назардошти ин ҳама мутахассисони соҳа ба зарурати як ислоҳоти ҷиддӣ ва густарда таъкид мекунанд. Аммо то ба имрӯз, ба қавли коршиносон, тағйири ҷиддие дар ин самт ба назар намерасад ва сатҳи забондонии мардуми Тоҷикистон ҳанӯз дар сатҳи даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст.

Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, равандҳое, ки дар ҷомеа, бахусус матбуот сурат мегиранд, ноқисанд, аз ин хотир зарурат ба ислоҳот вуҷуд дорад. Вай афзуд, ин ислоҳот набояд, сунъӣ балки табиӣ бояд бошанд:

«Он тавре ки дар матбуоти даврии мо сурат мегирад, на ба ин шакл. Ин як. Дуввум, мо бояд иштибоҳи солҳои 40, 50 ва 60—и асри гузаштаро такрор накунем. Он солҳо дар илм кӯшишҳои соддакунии забон вуҷуд дошт. Баръакс, низоми таълиму тадрис бояд он гуна ба роҳ монда шавад, ки мардум забондон шавад. Он замон манзалат, вазифаи илмии забон барқарор мешавад».


Фарҳанги костаи китобхонӣ


Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар заъфи забондонии волидайн ва тадрис дар макотиби миёнаву олӣ ишора мекунанд, ки бахусус баъд аз истиқлол ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Ҳамчунин аз коҳиши шавқмандии мардум ба китобхонӣ тайи ин муддат сӯҳбат мешавад, ки ба сурати умум ҷомеаро на дур аз забони модарӣ, балки камсаводӣ ҳам шудааст.

Аскар Ҳаким, адиби тоҷик мегӯяд: «Дар ин ҷо махсусан муассисаҳои томактабӣ, боғчаҳо ва забони хонаводагӣ ҳам аҳамияти калон доранд, дар баробари забони илму ахбору дигар. Чунки кӯдак агар дар хона забони равону салисро ёд нагирад, забони илмро ҳам ёд намегирад».

Билоли Шамс, рӯзноманигор ва муаллифи як мақолаи интиқодӣ аз бетаваҷҷӯҳии мақомот ба иҷрои Қонуни забони давлатӣ мегӯяд, аз татбиқи Қонуни забони давлатӣ фақат пеш ва дар рӯзи ид сӯҳбат мешавад. Вай гуфт, навиштаҷоту шиорҳо дар кӯчаҳо, ҳар ҷо ҳар чӣ, ки барои забони хубу равон муҳим аст, ғалат ва ё ғайритоҷикӣ навишта мешаванд:

«Он номи деҳот, ки то ҳанӯз ба забонҳои ӯзбакиву русӣ ҳастанд, ҳамин хел ба ҳоли худ мемонанд. Айби мақомоти маҳаллӣ ҳаст, ки ҳамаро кӯркӯрона баррасӣ мекунанду нодида мегиранд».

Дар қиёс бо кишварҳои дигар намояндагони миллатҳои ғайритоҷик дар Тоҷикистон низ аз шеваи таълими забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон норозӣ ҳастанд.

Мушкили ақаллиятҳои миллӣ


Галина, як хонуми руси муқими Душанбе, ки дар Қирғизистон зистааст, мегӯяд: «Он ҷо писари ман забони қирғизӣ меомӯхт. Дар қиёс бо мо он ҷо муносибат ҷиддитар аст. Дар ҳама синфҳо кабинетҳои лингофонӣ ва маводи аёнӣ вуҷуд доранд. Дискҳои забони қирғизиро ба талаба барои хона медоданд, ки шунавад, омӯзад ва бештар фаҳмад. Аз ин чиҳо, мутаассифона, дар мо чизе нест».

Коршиносони соҳа рушди забони тоҷики дар солҳои ахирро бисёр кунд арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, калимаҳои русиву туркиву арабӣ дар забони тоҷикӣ ҳануз бо вожаҳои зебо ва муносиби замонавӣ иваз нашудаанд. Коршиносон вазоратҳои маорифу фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи забон ва истилоҳотро масъули мардумӣ рушди кунди забони тоҷикӣ медонанд.

Зафари Мирзоён мегӯяд, Кумитаи забон ва истилоҳот аз мавҷудияташ бештар рӯзҳои ҷашни забон дарак медиҳад, дар ҳоле ки масъулияти пешниҳоди мафҳуму калимоти нави тоҷикӣ ин ниҳод аст. Вай афзуд:

«Ин ниҳод як феҳристе тартиб надод, ки ба кадом шева калимоти ғайр дар забони тоҷикӣ иваз шаванд ва муҳимтар аз ҳама усули ворид кардани онҳо миёни мардум кор карда нашудааст»
.

Рӯзи забони тоҷикӣ минҳайси забони давлатии Тоҷикистон соли гузашта ба 5 октябр аз 22 июл, рӯзи тасвиби нахустин Қонуни забон дар соли 1989 гузашт. Соли гузашта парлумони кишвар баъд аз тасвиби тарҳи ҷадиди Қонуни забон ин иқдомро гирифт. Ин рӯз ҳамчунин рӯзи мавлуди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG