Пайвандҳои дастрасӣ

Қоҳира ва Теҳрон парвозҳоро аз сар мегиранд


Миср ва Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳо миёни пойтахтҳои ин ду кишварро баъд аз 30 сол аз сар мегиранд. Соме Ҳефнӣ-раҳбари шаркати ҳавоии Миср ва Ҳомид Ғавабеш-муовини ширкати миллии ҳавоии Эрон мувофиқатномае ба имзо расонданд, ки тибқи он дар як ҳафта миёни Теҳрон ва Қоҳира 28 парвоз анҷом мегирад. Баъд аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1980 ва баъд аз ба расмият шинохтани Исроил аз тарафи Миср равобити ин ду кишвар ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG