Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши физика эълон шуданд


Андрей Гейм ва Константин Новосёлов-зодагони Русия барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2010 дар бахши физика шуданд. Онҳо моддаеро бо номи графен ихтироъ кардаанд, ки хеле тунук ва хеле қаввист. Он шакли пардаи углеродро дорад ва ба паҳноӣ ба андозаи як атом аст. Графен шакли нави карбон аст. Профессор Ингемар Линдстром-раиси Кумитаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика дар бораи ин модда гуфт:

"Он хеле тунук, сабук ва бисёр қаввист. Вай ноқил аст ва нигаҳдорандаи хеле хуб низ ҳаст. Ин бад-он маъност, ки графен барои алоқамндони дархостҳои зиёд дастрас аст".

Гейми 51 сола ва Новосёлови 36 сола ҳоло дар донишгоҳи Манчестери Британия кор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG