Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИУ масъули ҳамла дар Хуҷанд шинохта шуд


Раёсати Кумитаи Амнияти Миллии вилояти Суғд бо нашри баёнияе аз дастандаркорони ҳамлаи террористии 3-юми сентябр ба раёсати корҳои дохилаи вилоят ном бурд. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар як номаи электронӣ дар Интернет масъулияти ҳамларо як гурӯҳи то ҳол номаълуми «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бар дӯши худ гирифта буд. Аммо бархе аз мақомот аз даст доштани сокини ноҳияи Исфара дар пайи ниқоргирӣ барои марги фарзандаш дар боздоштгоҳи шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сӯҳбат мекарданд. Кумитаи Амнияти Миллии Суғд масъулияти ин ҳамларо бар дӯши Ҳаракати Исломии Узбакистон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG